(Go: >> BACK << -|- >> HOME <<)

Jump to content

Ноҳияи Кӯшониён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ноҳияи Бохтар
Ноҳияи Бохтар дар нақшаи Тоҷикистон
Донистаниҳо
Кишвар : Тоҷикистон
Вилоят : Хатлон
Марказ: Бохтар
Замони таъсис : 7 январи 1944
Раиси ноҳия:
Ҷуғрофиёи табиъӣ
Паҳноварӣ : 1101,4 км²
Шумораи шаҳракҳо : 4
Шумораи ҷамоатҳо : 6
Мардум
Аҳолӣ (2008) : 173 439 кас
Забони расмӣ : тоҷикӣ
Забонҳои гуфторӣ : тоҷикӣ
Мазҳаб : ҳанафӣ
Нишониҳо
Сарвожа : BO
ISO-намоя : TJ.KL.BO
Пешшумора : +992 3245
Нишонии почта : 735140
Замон : UTC+5
Вебгоҳ : .tj
Шумораи мошинҳо : 03РТ

Ноҳияи Бохтар (форсӣ: ناحیۀ باختر‎) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.

Маркази ин ноҳия шаҳраки Бохтар (форсӣ: باختر‎) аст ки 15 км ҷанубтар аз шаҳри Қурғонтеппа ҷойгир аст.


Ҷойгоҳ

Ноҳияи Бохтар бо сарзамине 1101,4 км² дар дараи рӯди Вахш ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияи Ҷомӣ, дар шарқ — бо ноҳияи Сарбанд ва ноҳияи Вахш, дар ғарб — бо ноҳияи Хуросон ва дар ҷануб — бо ноҳияи Румӣ аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳаммарз аст.

Мардум

Мардуми Бохтар ба забонҳои тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2008, ноҳияи Бохтар 173 439 тан ҷамъият дошт.


Бахшбандӣ

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Бохтар 4 шаҳрак ва 6 ҷамоат[1] дорад:

Ҷамоатҳои ноҳияи Бохтар[2]
Ҷамоат Аҳолӣ
шаҳраки Бохтар 6703
шаҳраки Авангард 56308
шаҳраки Заргар 39517
шаҳраки Меҳнатобод 25955
Калинин 26029
Навбаҳор 13091
Бохтариён 3318

Ҳукумат

Сарвари ноҳияи Бохтар Раиси Ҳукумати он аст ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Бохтар Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Бохтар барои 5 сол интихоб мекунанд.

Таърих

Ин ноҳия 7 январи соли 1944 бо номи ноҳияи Октябр дар бахше аз вилояти Қурғонтеппа дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта аст. 6 январи соли 1965 онро ноҳияи Коммунистӣ номиданд. Дар оғози солҳои 1990 ин ноҳия ба ёди подшоҳии Балх бо Қарори Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ноҳияи Бохтар номида шуд.

Пайнавишто

  1. Феҳристи ҷамоатҳо. UN Coordination, Tajikistan.
  2. http://www.undp.tj/files/maps/JCP/Tajik_pdf/Civil_Society/Kulyab_AO/CS15.pdf